Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, изҳор намуд, ки дар музокироти “чаҳоргона” дар Берлин мушкили марбут ба корвон бо кӯмаки башарии Русия барои вилоёти шарқи Украина ҳал шудааст. Ӯ рӯзи 18 август ба хабарнигорон дар пойтахти Олмон гуфт, ки монеъаҳои сунъӣ дар ин роҳ бардошта ва ҳама масоил бо Украина ва Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ҳамоҳанг карда шуданд.
Лавров изҳори умедворӣ кард, ки кӯмаки башарӣ ба худӣ ба мардуми шарқи Украина мерасад. Ҳамзамон ӯ гуфт, “ягона ҷое, ки мо ҳанӯз имкони дар бораи натиҷаҳои мусбат ҳарф задан надорем, ин пеш аз ҳама оташбас ва раванди сиёсӣ аст”.
Аз ин пеш вазири умури хориҷии Олмон Франк-Волтер Штайнмайер ҳам мулоқоти ҳайатҳои Украина, Русия, Олмон ва Фаронса дар Берлин оид ба мушкили бурунрафт аз бӯҳрони Украинаро “хело сангин” арзёбӣ карда буд. Ин мулоқот панҷ соат идома дошт ва бидуни натиҷа поён ёфт.
Франк-Волтер Штайнмайер хабар дод, ки қарор аст вазирони умури хориҷии чаҳор кишвар рӯзи сешанбе дубора ҷамъ шаванд ва баҳсҳо рӯи мавзӯъи аслӣ – оташбас дар шарқи Украина ва ҷилавгирӣ аз хунрезиҳоро идома диҳанд.
Павел Климкин, вазири умури хориҷии Украина, дар робита ба музокирот дар Берлин изҳороте нашр накард, аммо дар Твиттер навишт, ки барои ба натиҷае расидан “боз чандин бор панҷсоатӣ музокира мебояд кард”. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки Киев дар гуфтушуниди Берлин ба ягон хел гузашт рошӣ нашудааст.
Нахустин музокироти “чаҳоргона” оид ба ҳалли бӯҳрони Украина рӯзи 2 июл баргузор шуда буд ва баъд аз гуфтугӯи дусоата эъломияи муштараке пазируфта шуд, ки дар он ҷонибҳо барои расидан ба сулҳ дар Украина ӯҳдадор шуданд.