Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони хориҷа вазъи Украинаро баррасӣ мекунанд


Вазирони корҳои хориҷаи Украинаву Русия ва Олмону Фаронса дар Берлин мулоқот мекунанд, то роҳҳои коҳиши ташаннуҷ дар Украинаро баррасӣ намоянд. Франк-Волтер Штайнмайер изҳори умед кард, ки ин музокирот ба даргириҳо дар шарқи Украина бояд хотима гузорад.

Штайнмайер гуфт, қатъи даргириҳо заминаро барои “ёрии фавриву зарурӣ” ба минтақа фароҳам меорад. Дар шарқи ин кишвар ҷудохоҳони ҷонибдори Русия бо нируҳои ҳукуматии Украина ба даргириҳо идома медиҳанд.

16 август Русияву Украина ба тавофуқ наздик шуданд, ки чӣ тавр корвони ёрии башардӯстона аз марз бигзарад ва чӣ тавр бору колоҳои ин корвонро тафтиш кунанд.

Аммо то ҳол ба кормандони Салиби Сурх замонати амниятӣ дода намешавад, ки ин корвонро ҳамроҳӣ кунанд. Қаблан Киев иддао карда буд, ки як корвони мошинҳои зиреҳпӯши Русияро хароб кардааст ва аз сӯи дигар раҳбари ҷудоихоҳон эълон кард, ки онҳо аз Русия нируҳои тақвиятӣ мегиранд.

XS
SM
MD
LG