Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз асорати Толибон 3 ҳиндуро раҳо карданд


Раёсати амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, ки онҳо 3 шаҳрванди Ҳиндустонро, ки Толибон рабуда буданд раҳо кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин 3 нафар дар ҷараёни амалиёти нируҳои амниятӣ дар вилояти Лугар 15 август аз асорати Толибон бароварда шудаанд.

Онҳоро Толибон 13 август ҳангоми сафар ба Кобул дар роҳ рабуда буданд. Дар эъломияи Раёсати амнияти Миллии Афғонистон омадааст: “Кормандони мо ҷои нигаҳдории ин афродро дар минтақаи Бобуси вилояти Лугар дақиқ карданд ва ба амалиёт оғоз намуданд. Онҳо бидуни осеб аз банд раҳо шуданд.”

Дар ин эъломия омадааст, ки як нафар дар ҷараёни ин амалиёт боздошт шудааст.

Моҳи июн як корманди дигари имдоди Ҳиндустон дар шаҳри Ҳирот тавассути афроди мусаллаҳ рабуда шуда буд. Як ҳафта пеш аз он тундравҳо дар Ҳирот ба консулгарии Ҳиндустон ҳамла бурда буданд.

XS
SM
MD
LG