Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама моҳи сентябр аз Эстония боздид мекунад


Барак Обама
Барак Обама

Кохи Сафед эълон кардааст, ки Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар аввалҳои моҳи сентябр аз Таллин-пойтахти Эстония боздид ва бо раисони ҷумҳури се кишвари каронаи Балтик мулоқот хоҳад кард.

Хонум Кейтлин Ҳейден-сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ин боздид бори дигар таъйид мекунад, ки мо ба моддаи 5-ӯми паймони НАТО содиқ бимонем.

Кохи Сафед ҳамчунин ишора кард, ки яке дигар аз сабабҳои боздид аз Таллин бӯҳрони Украина мебошад. Баъд аз ин боздид Обама дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО ширкат меҷӯяд.

XS
SM
MD
LG