Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони дифои Амрикову Русия бо ҳам гуфтугӯ карданд


Сергей Шойгу ва Чак Ҳегел (акс аз бойгонӣ)
Сергей Шойгу ва Чак Ҳегел (акс аз бойгонӣ)

15 август дар сӯҳбати телефонӣ Чак Ҳегел ва Сергей Шойгу-вазирони дифои Амрико ва Русия масъалаи ёрии башардӯстонаи Маскав ба Украинаро баррасӣ карданд.

Ҳегел гуфт, дархост кардааст, ки дар бораи ин корвон, ки ба самти Украинаи шарқӣ ҳаракат мекунад, тавзеҳот диҳанд. Сергей Шойгу замонат додааст, ки дар ин корвон низомиёни Русия нестанд ва он гуна, ки Пентагон мегӯяд, Русия барои таҷовуз ба Украина ин корвонро истифода нахоҳад кард.

Шойгу ба таври ҷиддӣ аз афзоиши фаъолияти нируҳои НАТО ва Амрико дар наздикиҳои марз бо Русия изҳори нигаронӣ кардааст. Вале тавзеҳ дода намешавад, ки ба кадом фаъолият ишора мекунад.

Шойгу ҳамчунин гуфтааст, ки бояд ба таври фаврӣ оташбас эълон шавад, то барои интиқоли ёрии башардӯстона ба шарқи Украина коридор ё долон ба вуҷуд ояд.

XS
SM
MD
LG