Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қрим мехоҳад, ки Маскав ба воридоти Украина иҷоза диҳад


Мақомоти Қрим аз Маскав хостаанд, ки таҳрими воридоти маводи хӯрокаи Украинаро бекор кунад. Николай Полюшкин-вазири кишоварзии Қрим 15 август гуфт, ки як рӯз пеш дар мулоқоти ҳукумати Қрим ба вазирони Русия ин дархостро матраҳ кардааст. Вазирони Русия дар ин мулоқот ширкат доштаанд.

Вай гуфт, ҳукумати Қрим хостааст, ки нимҷазираи мазкур аз феҳристи таҳримҳои зидди Украина хориҷ шавад, то Қрим битавонад аз Украина молу коло ворид кунад.

Полюшкин гуфт, Украинаву Қрим мисли кӯдакони дугоник ҳастанд ва ин нимҷазира ба Украина ниёз дорад, ба вижа ба маҳсулоти ниёзи ҳаррӯза, картошка, гӯшт, помидор ва ғалладона. Вай гуфт, мақомоти раҳбарии Қрим интизоранд, ки ин масъала ҳафтаи дигар ҳал мешавад.

Русия воридоти маводи хӯрока аз Иттиҳодияи Аврупо, Канада, Австралия, Норвегия ва Амрикоро мамнуъ эълон кардааст. Ин кишварҳо бар зидди Русия барои пайвастани Қрим ба Русия ва барои рафтори Маскав дар шарқи Украина бар зидди Русия таҳрим ҷорӣ каорда буданд ва таҳримҳои Русия ҷавоб ба он аст.

XS
SM
MD
LG