Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тесак" ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи ноҳияи Кунтсевои Маскав рӯзи ҷумъа миллатгарои рус Максим Мартсинкевич, маъруф ба лақаби “Тесак”-ро, ба 5 соли маҳбас маҳкум кард.

Додситон дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ хостори ба панҷ соли маҳбаси низомаш шадид маҳкум кардани ӯ шуда буд. Вакилони дифои Мартсинкевич хостори сафед кардани ӯ шуданд ва гуфтанд, ки тафтишот гуноҳи ӯро исбот накардааст.

Дар мурофиаи додгоҳӣ гуфта шуд, Мартсинкевич дар саҳифаи худ дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ се навори видеоие гузоштааст, ки бар пояи адовати қавмӣ таҳия шудаанд. Хабаргузории РИА “Новости” иттилоъ дод, ки “Тесак” дар барангехтани адовати қавмӣ ва паст задани шаъни инсонӣ айбдор шудааст.

Максим Мартсинкевич, ки аз қавмгароҳои сарсахти рус маҳсуб мешавад, моҳи январ дар Куба боздошт шуда буд. Аз ин пеш ҳам ӯ бо иттиҳоми барангехтани нафрати қавмӣ ба севу ним соли зиндон маҳкум шуда буд..

Дувуним сол пеш Максим Мартсинкевич тайи чаҳор рӯз дар Тоҷикистон меҳмони фаъолони "Маркази имиҷсозӣ барои Тоҷикистон" буд. Аммо ӯ пас аз бозгашташ ба Маскав таассуроти худ аз Тоҷикистонро дар радиои интернетияш нақл кард. “Тесак” ба ҷои тарғиби меҳмоннавозӣ ва меҳрубониҳои тоҷикон баръакс дар навиштаҳову гуфтаҳояш онҳоро ба риштаи тамасхур кашида буд.

XS
SM
MD
LG