Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тирборони Донетск 11 сокини осоишта ба ҳалокат расид


Дар шарқи Украина задухӯрдҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони рустабор дар шаҳрҳои Донетск, Луҳанск, Горловка, Первомайск, Шахтерск, Торез, Попасная, Красный Луч ва Иловайск идома доранд. Шабонарӯзи гузашта бар асари тирборони шаҳри Донетск, бар пояи иттилои расмӣ, 11 сокини осоишта кушта ва 8 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дмитрий Тимчук, раҳабари гурӯҳи “Муқовимати иттилоӣ” дар саҳифааш дар Facebook навишт, задухӯрдҳои шадид барои назорат аз болои шоҳроҳҳое идома доранд, ки тавассути онҳо аз Русия барои ҷудоихоҳон силоҳ интиқол меёбад. Яке аз онҳо шоҳроҳи Знаменка – Луҳанск-Изварино мебошад. Гузаргоҳи марзии "Изварино" зери назорати ҷудоихоҳон аст.

Шаби панҷшанбе ба ҷумъа 23 зиреҳпӯши русӣ дар як минтақаи таҳти назари ҷудоихоҳон дар 200-километрии шаҳри Донетск вориди қаламрави Украина шуд. Хабарнигори нашрияи бритониёвии "Гардиан" Шон Уокер дар ин бора аз марзи ду кишвар хабар дод ва гуфт, ки инро наметавон вуруди нерӯҳои Русия ба хоки Украина номид, вале он иддаои Киев дар бораи дар қаламрави кишвар ҳузур доштани сарбозони Русияро тасдиқ мекунад. Ин иттилоъро Роланд Олифант, хабарнигори рӯзномаи "Телеграф", чопи Лондон, ҳам тасдиқ кардааст.

XS
SM
MD
LG