Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум вориди Кореяи Ҷанубӣ шуд


Попи Рум Франсиск рӯзи панҷшанбе вориди Кореяи ҷанубӣ шуд. Ин нахустин сафари раҳбари калисои католикии ҷаҳон ба Сеул дар 25 соли ахир аст. Як соат пеш аз мулоқоти Попи Рум ва раисиҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ низомиёни Кореяи Шимолӣ дар баҳри Ҷопон се мушаки дорои амалашон наздикро озмоиш карданд.

Поп Франсиск изҳор намуд, ки дили ӯ ҳамеша моломоли таманнои сулҳ дар нимҷазираи Корея буд.

Сафари раҳбари Вотикан ба Кореяи Ҷанубӣ панҷ рӯз идома хоҳад кард. Даҳ дар сади аҳолии ин кишвар пайравони дини католикиянд.

XS
SM
MD
LG