Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду созмон аз ҳамкорӣ бо СҶМ даст кашидаанд


Ду созмони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон бо нишони эътироз ҳамкории худро бо Cозмони Ҷаҳонии Муҳоҷират қатъ кардаанд. Созмонҳои ғайриҳукуматии «Шаҳрванд» дар Кӯлоб ва «Қалам» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, бо далели рафтори ноодионаи масъулони Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон ва суистифодаи номи онҳо ба аз идомаи ҳамкорӣ бо ин ниҳоди байнулмилалӣ даст кашидаанд.

Додарбек Саидалиев, мудири созмони ҷамъиятии «Шаҳрванд» дар Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндагони созмон маблағҳои бузургеро барои кӯмак ба муҳоҷирон, хонаводаи муҳоҷирон ва афроди қурбонии хариду фурӯш дарёфт, вале бахши аъзами онро харҷи мошинҳои гаронбаҳо ва маоши баланди худ мекунанд: «Ба созмонҳои маҳаллӣ маблағи ночизе медиҳанд, ки ҳатто сафархарҷи намешавад. Дар ҳоле, ки тамоми кори лоиҳаҳои марбут ба муҳоҷиронро созмонҳои ҷамъиятӣ мекунанд.»

Аммо як масъули Созмони ҷаҳонии муҳоҷират бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ду созмон ҳадафи онҳоро дуруст дарк накардаанд: "Дар маҷмӯъ бо назардошти оне, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон рӯ ба беҳбудӣ овардааст, маблағҳои грантӣ ҳам коҳиш ёфтааст. Дар ин ҳолат мо наметавонстем, ба онҳо маблағи бештар диҳем. Ҳоло ба мо танҳо Вазорати рушди Британия Кабир грант медиҳад, дигар созмонҳо додани грантро қатъ кардаанд. Аз тарафи дигар мо ҳамкориро бо Хадамоти муҳоҷират оғоз кардаем. Пештар, ки Хадамоти муҳоҷират дар минтақаҳо намоянда надоштанд, инҳо мисле кори онҳоро мекарданд. Ҳоло Хадамот намоянда дорад ва мо ҳамкории намояндаи худро бо онҳо афзоиш додем. Созмони «Қалам» аз Фонди Оғохон гранти зиёд дарёфт мекунад, ба ҳамин хотир бо маблағи ками мо кор накард»,-гуфт, ин манбаъ.

Ин созмонҳои ҷамъиятӣ давоми ҳашт сол бо муҳоҷирони меҳнатӣ, оилаҳои мондаи онҳо ҳамкорӣ мекарданд. Даҳҳо хонаводаи муҳоҷирони корӣ тариқи ин созмонҳо наздикони гумшудаи худро дар Русия пайдо карданд ва даҳҳо занон ҳамчунин ҳамсарони фирории худро ёфта, аз онҳо ҳаққи фарзандони худро ситониданд. СҶМ аз соли 2006 бо созмонҳои ҷамъиятӣ дар самти муҳоҷират ва мушкилоти он ҳамкориро оғоз карда буданд. Масъулони он мегӯянд, дарёфти грантҳо барои мушкили муҳоҷират ҳоло даҳҳо мартаба коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG