Ашраф Ғанӣ-номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз тақсими қудрат бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ-рақиби интихоботии худ изҳори шак кард. Вай гуфт, ки баъзе моддаҳои созишномаи миёни ин ду номзад тавзеҳот мехоҳад.
Ҳафтаи гузашта Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ҳар ду номзадро водор кард, ки дар бораи тақсими қудрат созишнома имзо кунанд. Вале дар ин созишнома гуфта намешавад, ки баъд аз шумориши 8, 1 миллион баргаи рай кӣ барандаи интихобот хоҳад буд.
Ашраф Ғанӣ мегӯяд, ки раҳбарии дугона имкон надорад ва таъйини мақоми раҳбари иҷроӣ танҳо дар ихтиёри раиси ҷумҳур хоҳад буд.