Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар зидди Саакашвилӣ иттиҳомоти нав эълон карданд


Михаил Саакашвилӣ
Михаил Саакашвилӣ

Бар зидди Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон иттиҳомоти нав эълон карданд. 13 август раиси дафтари додситонии ин кишвар гуфт, ки Саакашвилӣ барои моли худ кардани 5 миллион доллар дар миёнаи солҳои 2009-2013 муттаҳам дониста мешавад.

Саакашвилиро муттаҳам мекунанд, ки вай ин пулҳои давлатиро барои ожонсие истифода кардааст, ки амнияти шахсиятҳои баландпояи давлатӣ, меҳмонсароҳо, киштиҳоро таъмин мекард ва ҳамчунин ин пулҳо барои хадамоти дигари марбут ба хонаводааш ва дӯстонаш сарф шудаанд. Агар ин иттиҳомот собит шавад, ба вай 11 соли зиндон таҳдид мекунад.

Cаакашвилӣ аз соли 2004 то соли 2013 мақоми раёсати ҷумҳуриро бар уҳда дошт ва пештар аз ин иттиҳомот вайро барои суистифода аз мақом низ гунаҳгор эълон карда буданд.

Вай баъд аз хатми мӯҳлати раёсати ҷумҳуриаш Гурҷистонро тарк кард. Вазорати корҳои хориҷаи Амрико аз иттиҳомоти нави зидди Саакашвилӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG