Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳои Русия ба марзи Украина наздик мешавад


Корвони кӯмакҳои Русия иборат аз 300 мошини борбар ба марзи Украина наздик мешавад. Хабаргузориҳои Русия гузориш додаанд, ки 13 август ин корвон ба шаҳр Воронежи Русия 300 километр дуртар аз марзи Украина ворид шудааст.

Вазорати корҳои хориҷаи Русия дар изҳороте гуфтааст, ки ин кӯмакҳо тавассути посгоҳи марзии шаҳри Шебекинои Русия ба қаламрави Украина мегузарад ва дар ин бора миёни мақомоти Русияву Украина тавофуқ ба даст омадааст.

Дар изҳорот омадааст, ки аз Шебекино ин корвон зери назорати Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх роҳи худро идома медиҳад.

Дар изҳорот омадааст, ки ин корвони кӯмак аз генераторҳои барқӣ, ғалла, гӯшти консервшуда, рӯған, об, ғизои кӯдакон, дору ва амсоли он иборат аст.

Мақомоти расмии Украина ва кишварҳои ғарбӣ бим доранд, ки Русия ба баҳонаи кӯмакҳои башардӯстона ба шарқи Украина нируҳои худро ворид мекунад. Дар ин минтақа нируҳои ҳукуматӣ бар зидди ҷудогихоҳони ҷонибдори Русия ҷанг мекунанд.

XS
SM
MD
LG