Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози таҳқиқи куштори сайёди қирғиз дар Ҷиргатол


Ноҳияи Ҷиргатол. Акс аз бойгонӣ.
Ноҳияи Ҷиргатол. Акс аз бойгонӣ.

Додситонии ноҳияи Ҷиргатол ба таҳқиқи ҳодисаи куштори шаҳрванди Қирғизистон пардохтааст.

Раёсати сарҳадбонии Тоҷикистон рӯзи 13 август ба Радиои Озодӣ гуфт, додситонии ноҳияи Ҷиргатол ба таҳқиқи пешакии ҳодисаи куштори шаҳрванди Қирғизистон, ки рӯзи 9 август дар пайи як тирпаронӣ дар деҳаи Тупакули Ҷиргатол кушта шуд, шурӯъ кардааст.

Як мақом дар ин ниҳод гуфт, ки муфаттишони додситонии Ҷиргатол тафтишотро рӯзи 11 август оғоз кардаанд ва феълан таҳқиқ идома дошта аз ҷузъиёти он хабар дода намешавад. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҳодисаи тирпаронии рӯзи 9 август пас аз он, ки се шаҳрванди Қирғизистон дар ҷангалистони Тупакул як хирсро шикор мекунанд, аз тарафи сарҳадбонони тоҷик ҳушдор дода мешаванд, вале онҳо ба амри сарҳадбонон итоат накарда, аввал шуда тарафи марзбонони тоҷик тир мекушоянд, ки дар натиҷаи оташкушоии ҷавобӣ, яке аз онҳо кушта мешавад.

Раёсати сарҳадбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар гуфтушуниди рӯзи 11 август миёни ҳайатҳои ду кишвар, тарафи Тоҷикистон ризояи додааст, ки воқеа бо ширкати ниҳодҳои ду ҷониб таҳқиқ шавад, вале додситонии Ҷиргатол ҳодисаи нақзи марзи Тоҷикистон ва боздошт шудани ду шаҳрванди Қирғизистон ва кушта шудани як нафарро аз нигоҳи ҳуқуқӣ таҳқиқ намуда, хулосаи худро ба додгоҳ пешниҳод хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 11 август ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳодисаи кушта шудани як шаҳрванди Қирғизистон ва боздошт шудани ду нафари дигар дар ноҳияи Ҷиргатолро баррасӣ карданд. Ба иттилои Дафтари матбуоти нерӯҳои марзбони Қирғизистон, намояндагони ин нерӯҳо, ҳокимияти маҳаллӣ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон дар қитъаи Уш бо марзбонон ва намояндагони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мулоқот карданд.

Дар ин дидор тарафи Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи куштори шаҳрванди Қирғизистон дар марз ба ҳайати Қирғизистон маълумот дода буд. Дар ин гуфтушунид тарафи Тоҷикистон ризоят дод, ки воқеа бо ширкати ниҳодҳои ду ҷониб таҳқиқ шавад. Ба ғайр аз ин, тарафи Қирғизистон аз Тоҷикистон талаб кард, ки вакили ҳуқуқии оилаи шаҳрванди кушташудаи Қирғизистон ҳаққи ширкат дар тафтиши ҷиноиро дошта бошад.

Дар поёни мулоқот наздикони ду шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистон бо марзбонони Тоҷикистон баргузор гашт. Намояндагони марзбонии Тоҷикистон ба пайвандони ду шахси боздоштшуда ваъда доданд, ки шоми 11-уми август гуфтугӯи телефонии онҳоро бо наздиконашон ташкил хоҳад кард. Ҳарду шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистон ҳоло дар боздоштгоҳи Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷиргатол нигаҳдорӣ мешаванд. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 10 август ҷасади шаҳрванди кушташудаи қирғизро ба наздиконаш таслим кардааст.

XS
SM
MD
LG