Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Здравко Мустач дар ҳамдастӣ дар куштор муттаҳам мешавад


Здравко Мустач
Здравко Мустач

Дар Олмон ба раиси пешини хадамоти ҷосусии Югославия Здравко Мустач иттиҳоми ҳамдастӣ дар куштори дигарандеш Степан Дурекович дар 31 соли пеш эълон шуд.

Дар изҳороти Додситонии Олмон, ки рӯзи 12 август нашр шуд, омадааст, иттиҳомро рӯзи 22 июл, баъд аз се моҳи истирдоди Мустач аз Хорватия ба Олмон эълон карданд. Здравко Мустачи 72-сола шаҳрванди Ховартия аст.

Бино ба изҳороти додситонии Олмон, Мустач, раҳбари вақти хадамоти ҷосусӣ, барои куштори Степан Дурекович амр содир кардааст. Дигарандеши маъруф 28 июли соли 1983 дар наздикиҳои шаҳри Мюнхен кушта шуд.

Қотили ӯ номаълум боқӣ мондааст. Ҳадс зада мешавад, ки Мустач ба зердасташ Йосиф Перкович барои куштори Дурекович фармон додаст.

Ҳангоми вуруди Хорватия ба Иттиҳодияи Аврупо дар як соли пеш аз ин кишвар тақозо шуда буд, ки даҳ шаҳрвандаш, аз ҷумла, Мустач ва Перковичро ба кишварҳои аврупоӣ истирдод кунад.

XS
SM
MD
LG