Гарри Каспаров-қаҳрамони пешини шатранҷи ҷаҳон ва мунаққиди ошкори Кохи Кремл барои курсии FIDE ё Федератсияи Шатранҷи Ҷаҳон мубориза мекунад. Ҳоло дар ин мақом Кирсан Илюмжинов-ҷонибдори Кохи Кремл қарор дорад.
11 август дар шаҳраки Тромсои Норвегия барои ин мақом райдиҳии махфӣ сурат мегирад. Иддао мешавад, ки маъракаи райдиҳӣ бо ришвахорӣ тавъам аст. Баъзе аз федератсияҳои шатранҷи кишварҳо мегӯянд, ки аз сафорати Русия бо онҳо тамос гирифтаанд ва хостаанд, ки аз Илюмжинов ҳимоят кунанд.
Гарри Каспаров соли 2005 аз бозии шатранҷ канор рафт ва чун фаъоли мухолифони давлати Русия ҳукумати Владимир Путинро ҳукумати “диктаторӣ” номид.