Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликӣ дар Бағдод қудратнамоӣ мекунад


Нурӣ ал Моликӣ
Нурӣ ал Моликӣ

Нируҳои вафодор ба Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ дар ҷойҳои стротегии Бағдод гузошта шуданд. Мақомоте, ки аз худ ном набурдаанд мегӯянд, ки нируҳои амниятӣ даромадгоҳҳои биноҳои аслиро шоми 10 август ишғол кардаанд. Бино ба гузоришҳо, баъзе кӯчаҳо ва пулҳо баста шудаанд.

Пеш аз он Моликӣ дар телевизион пайдо шуд ва иддао кард, ки бар зидди Фуод Маъсум-раиси ҷумҳури нави Ироқ барои нақзи Қонуни Асосӣ парванда таҳия мекунад.

Нурӣ ал Моликӣ, ки эътилофи зери раҳбарии вай дар интихоботи моҳи апрели соли ҷорӣ аксари курсиҳоро ба даст овард, раиси ҷумҳури навро муттаҳам кард, ки натавонистааст, нахуствазири навро муаррифӣ кунад. Вашингтон гуфтааст, ки аз Фуод Маъсум ба унвони зомини риояти Қонуни Асосӣ ҳимоят мекунад.

Моликӣ бори севвум мехоҳад курсии нахуствазирии Ироқро ишғол кунад, вале пешрафти зуди тундравҳои исломӣ дар шимоли Ироқ боис шудааст, ки даъватҳо дар бораи истеъфои вай низ садо диҳад.

XS
SM
MD
LG