Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ Таҳмина Назарзодаро барои авбошӣ ҷазо дод


Додгоҳи ноҳиявии шаҳри Душанбе як духтари тоҷикро барои авбошӣ ва ширкат дар “разборка” –и духтарона ҷазо дод. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи аввали ҳамин ҳафта хабар дод, ки Таҳмина Назарзода ҳамроҳ бо се духтари дигар моҳи октябри соли 2013 дар кӯчаи Турсунзода дар назди маркази дилхушии “Опера” бесабаб нисбат ба Санавбар Нурхонова, ки дар дохили мошинаш менишаст, бадгӯӣ карда ва сипас ӯро дашном додаанд. Баъд аз ин ба гуфтаи додгоҳ, ҳамон рӯз Таҳмимна Назарзода бо ҳаммаслаконаш ҷабрдидаро ба Боғи Ғалаба даъват карда ва дар онҳо ҳамроҳ бо дугонаҳояш латукӯб мекунанд, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳатҳои сабук мебардорад. Додгоҳ баъди шикояти Санавбар Нурхонова, Таҳминаи Абдуллоҷонро бар тибқи моддаи 237-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба авбошӣ ва халалдор кардани тарбиботи ҷамъиятӣ гунаҳкор медонад ва амр медиҳад, ки 6 ҳазор сомонӣ ҷарима пардозад. Бо назардошти аз моҳи март то моҳи май ва ё тақрибан ду моҳ дар боздошт будани Таҳмина Назарзода, додгоҳ амр додааст, ки аз Таҳмина Назарзода 4 ҳазор сомонӣ ба нафъи давлат ситонида шавад. Дар Тоҷикистон ингуна муноқишаҳо байни писарон дида мешавад, аммо ҷанги духтарона бисёр кам рух медиҳад. Додгоҳ нагуфтааст, ки ҳукм кай содир шуд.

XS
SM
MD
LG