Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИРНА: Нӯҳ мусофири "Ан-140"-и суқуткарда ҷон ба саломат бурдаанд


Нӯҳ нафар аз мусофирони ҳавопаймои дар канори фурудгоҳи “Меҳробод”-и Теҳрон суқуткарда аз ин фоҷиа ҷон ба саломат бурдаанд. Дар ин бора хабаргузории ИРНА иттилоъ дод. Аз ин пеш расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла, телевизиони давлатӣ хабар дода буданд, дар ин ҳодиса, ки рӯзи якшанбе, 10 август, рӯй дод, 48 нафар, аз ҷумла, 7 кӯдак ба ҳалокат расиданд.

Ҳавопаймои “Ан-140”-и ширкати ҳавопаймоии Sepahan Airlines аз пойтахт сӯи шаҳри Табас парвоз мекард. Баъд аз чанд лаҳзаи парвоз сарнишинҳо идораи ҳавопайморо аз даст доданд ва он ба замин сарозер шуд. "Ан-140" дар шаҳр, дар наздикиҳои як варзишгоҳ суқут кард. Аз мардуми ин минтақа ба касе осеб нарасидааст.

Солҳои ахир дар Эрон ҳавопаймоҳо зиёд суқут мекунанд ва инро коршиносон бо кӯҳна шудани ҳавопаймоҳо ва бар асари таҳримҳои байнулмилалӣ ба кишвар ворид нашудани ҳавопаймоҳои наву қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо марбут мекунанд. Бори ахир – моҳи январи соли 2011 ҳавопаймои “Боинг-727”-и ширкати давлатии ҳавопаймоӣ ҳангоми фуруди изтирорӣ дар шимолу ғарби Эрон суқут карда буд. Дар он ҳодиса 77 мусофиру аъзои экипаж ҷон бохта буданд. Моҳи феврали соли 2003 ҳавопаймоии русии “Ил-76” дар кӯҳистони ҷанубу шарқи Эрон ба замин сарозер шуд. Дар он ҳодиса 302 нафар, аз ҷумла, 76 узви Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ба ҳалокат расида буданд.

XS
SM
MD
LG