Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймои эронӣ дар канори фурудгоҳи "Меҳробод"


Бар асари суқути ҳавопаймо дар наздикиҳои фурудгоҳи “Меҳробод”-и Теҳрон рӯзи якшанбе 48 нафар ба ҳалокат расиданд. Расонаҳои давлатии Эрон хабар доданд, ки ҳавопаймои “Ан-140”-и ширкати ҳавопаймоии “Тобон” аз пойтахт сӯи шаҳри Табас парвоз мекард. Баъд аз чанд лаҳзаи парвоз сарнишинҳо идораи ҳавопайморо аз даст доданд ва он ба замин сарозер шуд. Шабакаи давлатии телевизионӣ иттилоъ дод, ки халабонҳо дар лаҳзаи ахир тавонистанд, ки ҳавопайморо аз минтақаи аҳолинишин канор баранд.

Солҳои ахир дар Эрон ҳавопаймоҳо зиёд суқут мекунанд ва инро коршиносон бо кӯҳна шудани ҳавопаймоҳо ва бар асари таҳримҳои байнулмилалӣ ба кишвар ворид нашудани ҳавопаймоҳои наву қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо марбут мекунанд. Бори ахир – моҳи январи соли 2011 ҳавопаймои “Боинг-727”-и ширкати давлатии ҳавопаймоӣ ҳангоми фуруди изтирорӣ дар шимолу ғарби Эрон суқут карда буд. Дар он ҳодиса 77 мусофиру аъзои экипаж ҷон бохта буданд.

Соли 2009 як ҳавопаймои сохти Русия дар шимолу ғарби Эрон баъд аз чанд лаҳзаи парвоз ба замин сарозер шуд ва боиси ҳалокати 168 нафар шуд. Моҳи феврали соли 2003 дигар ҳавопаймоии русии “Ил-76” дар кӯҳистони ҷанубу шарқи Эрон суқут кард. Дар он ҳодиса 302 нафар, аз ҷумла, 76 узви Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ба ҳалокат расида буданд.

XS
SM
MD
LG