Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор ҷонибдори Тоҳир ул-Қадрӣ дар Лоҳур


Полис ва шоҳидон мегӯянд, ки рӯзи шанбе бар асари бархӯрдҳо миёни полис ва ҷонибдорони Муҳаммад Тоҳир ул-Қадрӣ, як рӯҳонии маъруфи мухолифи ҳукумат, дар чанд мавзеи Покистон дасти кам чаҳор нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Хушунат рӯзи 8 август шурӯъ шуд ва дар арафаи гирдиҳамоии эътирозии ҷонибдорони Тоҳир ул-Қадрӣ, ки қарор аст рӯзи 10 август дар шаҳри Лоҳур баргузор шавад, афзоиш ёфт. Худи Қадрӣ гуфт, ки дар бархӯрдҳо бо полис 7 кас аз ҷонибдоронаш кушта шудааст, вале ин иттилоъро манбаъҳои мустақил тайид накардаанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, рӯзи 9 август полис чораҳои амниятӣ дар Лоҳурро, ки маркази вилояти Панҷоб аст, тақвият дод ва чанд постгоҳи нав таъсис кард.

Муҳаммад Тоҳир ул-Қадрӣ, ки аз ҷонибдорони тасаввуф ва раҳбари ҷунбиши “Таҳрики Минҳоҷ-ал-Қуръон” аст, мехоҳад алайҳи куштори аҳли тасаввуф ва фишор болои ҷонибдоронш намоиши эътирозӣ доир намояд. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти полис ва амниятии Покистон беш аз 500 тан аз ҷонибдорони ӯро боздошт кардаанд.

Соли гузашта ҷонибдорони Қадрӣ дар пайравӣ аз майдони Таҳрири Қоҳира намоиши густруда ташкил карда, хостори сарнагунии ҳукумати Покистон аз роҳи “инқилоби сабз” шуда буданд.

XS
SM
MD
LG