Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори ИМА ва Бритониё ба Маскав аз дахолати низомӣ ба Украина


Саманта Пауэр
Саманта Пауэр

ИМА ва Бритониё ба Русия аз паёмадҳои вуруди нерӯҳояш ба шарқи Украина бо баҳонаи ироаи кӯмаки башарӣ ҳушдор доданд. Саманта Пауэр, намояндаи расмии ИМА дар СММ рӯзи шанбе изҳор намуд, ки вуруди нерӯҳо ҳамчунин “посдорони сулҳ” ба шарқи Украина ғайри қобили қабул аст ва ҳамчун дахолати низомӣ ба умури Украина арзёбӣ хоҳад шуд.

Филипп Ҳаммонд, вазири умури хориҷии Бритониё, аз Русия даъват намуд, ки аз ҳама амалҳои тавтеъаомез худдорӣ кунад”. Ӯ аз хабарҳо дар бораи ироаи тӯпу зиреҳпӯшҳо ба Украина аз қаламрави Русия ва баргузории машҳои низомии “дахолати башардӯстона” изҳори нигаронӣ кард. НАТО мегӯяд, ки Русия дар марзҳои Украина тақрибан 20 ҳазор афсару сарбозашро мустақар кардааст.

Валерий Чалий, муовини раиси дафтари раисиҷумҳури Украина, рӯзи 9 август дар барномаи телевизионии "Шустер live" хабар дод, ки Русия шаби шанбе талоши вуруди корвон бо посдорони сулҳ ба қаламрави Украинаро кардааст. Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби Русия тавтеъаи ҷиддие таҳия шуда буд, ки метавонист боиси ҳаводиси пешгӯинашаванда ва густариши низоъ гардад. Мансабдори украинӣ афзуд, раисиҷумҳур Петро Порошенко ба таври оҷил бо фармондеҳону раҳбарони артиш, вазорати умури дохилӣ ва Горди миллӣ машварат кард ва бо бархе аз сарони кишварҳои хориҷӣ телефонӣ дар тамос шуд. Валерий Чалий гуфт, ки айни ҳол хатари ин тавтеъа аз байн рафтааст. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки Украина ба қабули кӯмаки башардӯстона омода аст, аммо ба шарте, ки ин кӯмак бар пояи қойидаҳои байнулмилалӣ фиристода шавад.

Мақомоти Русия ҳанӯз изҳороти Киевро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG