Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чалий: Украина аз як тавтеъаи Русия ҷилавгирӣ кард


Валерий Чалий
Валерий Чалий

Русия шаби шанбе талоши вуруди корвон бо посдорони сулҳ ба қаламрави Украинаро кард. Дар ин бора Валерий Чалий, муовини раиси дафтари раисиҷумҳури Украина дар барномаи телевизионии "Шустер live" хабар дод.

Ба гуфтаи Чалий, аз ҷониби Русия тавтеъаи ҷиддие таҳия шуда буд, ки метавонист боиси ҳаводиси пешгӯинашаванда ва густариши низоъ гардад. Мансабдори украинӣ афзуд, раисиҷумҳур Петро Порошенко ба таври оҷил бо фармондеҳону раҳбарони артиш, вазорати умури дохилӣ ва Горди миллӣ машварат кард ва бо бархе аз сарони кишварҳои хориҷӣ телефонӣ дар тамос шуд.

Валерий Чалий гуфт, ки айни ҳол хатари ин тавтеъа аз байн рафтааст. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки Украина ба қабули кӯмаки башардӯстона омода аст, аммо ба шарте, ки ин кӯмак бар пояи қойидаҳои байнулмилалӣ фиристода шавад.

Мақомоти Русия ҳанӯз изҳороти Киевро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG