Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири умури дохилии Русия ба Тоҷикистон меояд


Ҳафтаи оянда мушовараи якҷояи вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад. Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзҳои 11-12 август дар шаҳри Хуҷанд мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия доир мешавад, ки ҳайати Тоҷикистонро вазири умури дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва ҳайати Русияро вазири умури хориҷии он кишвар Владимир Колоконсев раҳбарӣ мекунанд. Ба иттилои манбаъ, дар мушовараи мақомоти интизомии Тоҷикистон ва Русия ҷонибҳо ҳамкории ҷонибайн дар амри мубориза бо терроризм, ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои воҳидҳои ташхисӣ-криминалистиро баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин нақшаи кории мушовараи якҷояи вазоратҳои умури дохилии ду кишвар барои соли 2015 дар назар дошта шудааст. Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия аз соли 1999 инҷониб дар қаламрави якдигар бонавбат доир гардида, дар он ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз он ҷумла, ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкориҳо байни мақомотҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

XS
SM
MD
LG