Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба Русия фаровардаҳои кишварзӣ содир мекунад


Ҷоомарт Оторбоев-нахуствазири Қирғизистон ба вазорати кишварзии ин кишвар дастур додааст, ки имкони содироти меваву сабзиҷот ба Русияро баррасӣ кунанд. Вай гуфтааст, ки бозори бузурге барои фурӯши ин фаровардаҳои Қирғизистон боз мешавад ва бояд маҳсулоти беҳтареро барои содирот омода кард.

Бино ба хабари матбуоти Русия, Санҷар Муканбетов-муовини вазири иқтисоди Қирғизистон гуфтааст, ки ин кишвар омода аст ба Русия шир, фаровардаҳои ширӣ, гӯшти мурғ, тухм, гӯшти гов, пиёзу картошка ва соири фаровардаҳои кишоварзӣ содир кунад.

Як силсила кишварҳои ғарбӣ бар зидди Русия таҳрим ҷорӣ кардаанд. Русия дар ҷавоб аз воридоти меваву сабзавоти ин кишварҳо даст кашидааст ва акнун дубора рӯ ба кишварҳои Шӯравии пешин овардааст. Ҳукумати Тоҷикистон низ 5 август эълон кард, ки омода аст ба Русия меваву сабзавот содир кунад.

Вале ин нигарониҳо вуҷуд дорад, ки маҳсулоти беҳтарин ба Русия содир мешавад ва маҳсулоти камсифат бо нархҳои баланд дар бозорҳо ба фурӯш гузошта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG