Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ҳамла ба Навори Ғаззаро аз сар гирифт


I
I

Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил ба низомиёни кишвараш дастур дод, ки ҳамлаҳои нав ба Навори Ғаззаро оғоз кунанд. Ин дар ҳолест, ки тундравҳои фаластинӣ аз Навори Ғазза баъд аз хатми мӯҳлати оташбаси серӯза ба Исроил мушак партоб кардаанд.

Низомиёни Исроил таъйид карданд, ки онҳо баъд аз партоби 17 мушак аз ҷониби тундравҳо “маҳаллоти террор дар Наврои Ғаззаро ҳадаф қарор додаанд”.

Тамоми шаби гузашта дар Қоҳира музокироти мақомоти Исроил ва гурӯҳҳои мухталифи Фаластин натиҷа надод ва тарафҳо дархостҳои якдигарро напазируфтанд.

Хости аслии фаластиниҳо ин буд, ки исроилиҳо ба муҳосираи қаламрави Фаластин хотима диҳанд ва бандари обиро боз кунанд. Аммо Исроил мегуфт, ки Навори Ғазза бояд ғайринизомӣ шавад. Мақомоти гурӯҳи Ҳамос ин дархостро рад кард.

XS
SM
MD
LG