Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, барои фурӯ нишондани баҳсу таниш миёни ду рақиби номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистон вориди Кобул шуд. Қарор аст, ӯ шоми 7-уми август бо Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ гуфтугӯ кунад. Баҳси ин ҳарду дар робита ба натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 14-уми июн ҳамчунон идома дорад. Доктор Абдулло мегӯяд, ҳангоми шумориши раъйи мардум мақомот ба нафъи Ашраф Ғанӣ тақаллуб кардаанд. Айни замон 8 миллион орои мардум зери назари Созмони Милал бозшуморӣ мешавад. Ҷон Керрӣ ҳамчунин бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон мулоқот мекунад ва баъди ин барои ширкат дар як нишасти амниятӣ рӯзи 8-уми август ба Мянмар меравад. Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 7-уми август бо нашри баёнияе гуфт, ки натиҷаҳои интихобот бояд ҳамин моҳ эълон шавад.