Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хариди хӯрока аз Амрикову Аврупоро мамнӯъ кард


Давлати Русия эълон кард, ки воридоти аксари маводи хӯрок аз Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, Австралия, Канада ва Норвегияро мамнӯъ мекунад. Манъи хариди гӯшту шир, моҳӣ ва меваву сабзавот ва дигар маҳсулоти ширӣ аз он кишварҳо, посухи Русия ба таҳримотест, ки кишварҳои ғарбӣ барои амалкардҳои Русия дар Украина алайҳи Маскав эъмол карданд. Дастури манъи воридотро Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи 7-уми август эълон кард. Дастур аз ҳамин рӯз ҳукми иҷро гирифт ва барои як сол идома мекунад. Амрико рӯзи 6-уми август гуфт, ки Русия бо чунин кор ба иқтисоди худаш зиён мерасонад. Дмитрий Медведев, ҳамчунин гуфт, ки Русия масъалаи манъи парвози ҳавопаймоҳои ғарбӣ дар ҳарими ҳавоиашро баррасӣ мекунад. Дар сурати ингуна таҳрим парвозу харҷи ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои расидан ба Осиё бисёр зиёд мешавад.

XS
SM
MD
LG