Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ мӯҳлати таҳқиқи шикояти Шӯҳрат Қудратовро тамдид кард


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мӯҳлати таҳқиқи шикояти кассатсионии Шуҳрат Қудратовро роҷеъ ба ҳукми таҳқири шаъни Моҳира Бобораҷабовар дароз кард.

Раҳматулло Зоиров вакили мудофеи Шуҳрат Қудратов рӯзи 7-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дируз пас навиштани ариза ва баҳси тунду тез бо муфатиши парванда ва раиси додгоҳ давраи шикоятии кассатсионии Қудратов оид ба ҳалномаи додгоҳ дар мавриди таҳқири шаъну шарафи духтари таҷовузшуда тамдид карда шуд.

Додгоҳи Фирдавсӣ ҳалномаи худ дар мавриди шикояти духтари таҷовузшуда Моҳира Бобораҷабоваро 19 июн ба манфиати хонум Бобораҷабова анҷом дода Шуҳрат Қудратовро барои таҳқиқи шаъну шарафи у мувазаф кард, ки 200 ҳазор сомонӣ пардозад.

Ҷаноби Зоиров гуфт баои он ки эътибори шикояти кассатсионии Шуҳрат Қудратов тамдид карда шавад 8 маротиба ба Додгоҳи фирдавсиӣ рафту омад карда санаду ҳуҷҷатҳои лозимаро пешинҳод кардааст.

Шуҳрат Қудратов пас аз содир шудани ҳалномаи Додгоҳ дар авоили моҳи июл аризаи кассатсионӣ пешниҳод карда дар нисбати ҳалнома изҳори норозигӣ карда буд.

Аммо ҳануз аризаи шикоятии Қудратов баррасӣ нашуда вай рӯзи 21 июл аз тарафи кормандони Оҷонсии зидди коррупсия бо гумони гирифтани пора боздошт шуда ба СИЗО интиқол дода шуд.

Раҳматулло Зоиров мегуяд Додгоҳи Фирдавсӣ бо дар назардошти ҳозир нашудани Шуҳрат Қудратов муҳлати қувваи амали аризаи шикоятиро бекор мекард, вале дируз пас аз муроҷиат ба Додгоҳи Фирдавсӣ эътибори аризаи кассатсионии Қудратов тамдид карда шуд

Моҳира Бобораҷабова дар моҳи апрели соли равон ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ аризаи шикоятӣ пешниҳод намуда, аз додгоҳ хост, ки барои таҳқири шаъну шарафаш аз тарафи Шуҳрат Қудратов, маблағи 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ руёнад.

Моҳира Бобораҷабова ба ҳайси даъвогар ва модараш Гулнора Бобораҷабова, ҳамдаъвогар аз он норозиянд, ки Қудратов нисбати Бобораҷабова матолиби таҳқиромез нашр кардааст.

То замони пешниҳоди ин аризаи шикоятӣ дар нисбати Шуҳрат Қудратов, Моҳира Бобораҷабова баъд аз боздошти Зайд Саидов ба додгоҳ даъво бурда буд, ки ӯро Зайд Саидов ҳангоми ноболиғ буданаш мавриди таҷовуз қарор додааст. Аммо ҳангоми баррасии парвандаи Зайд Саидов, вакилони дифоъ гуфтанд, ки ин даъвои «таҷовузшуда» исботи худро наёфт.

Бахтиёр Абураҳмонзода, додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар мавриди диски сабти овози Шӯҳрат Қудратов дар хухуси таҳқираш ба Моҳира гуфт,ки ин дискро барои ташхис дар ихтиёри Кумитаи радио ва телевизион додаанд, аммо вакили мудофеъ барои санҷиш ҳозир нашуд.

Вале Шуҳрат Қудратов дар вақти содир шудани ҳалномаи Додгоҳ гуфта буд,ки ба ҳалномаи додгоҳ розӣ нест ва шикояти кассатсионӣ хоҳад бурд.

Номи Моҳира Бобораҷабова вақте расонаӣ шуд, ки баъд аз боздошти Зайд Саидов ба додгоҳ даъво бурд, ки ӯро Зайд Саидов ҳангоми ноболиғ буданаш аз сӯи ин соҳибкори шинохта мавриди таҷовуз қарор гирифта бошад. Аммо ҳангоми баррасии парвандаи Зайд Саидов, вакилони дифоъ гуфтанд, ки ин даъвои «таҷовусшуда» исботи худро наёфт. Дар пайи даъвои Моҳира Бобораҷабова нисбати Зайд Саидов, мақомот гуфтанд, ки ташхиси ДНК-и ҳардуро дар Маскав гузаронида, падарии Зайдро ба кӯдаки Бобораҷабова исбот кардаанд. Аммо вакилони дифоъ дубора ба ташхисгоҳи «Био Папа»-и Маскав дубора муроҷиат карда гуфтанд, ки ҳуҷҷати мақомоти тоҷик оварда тақаллубӣ аст.

XS
SM
MD
LG