Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туск: Таҳдиди дахолати низомии Русия ба Украина афзоиш меёбад


Доналд Туск
Доналд Туск

Доналд Туск, нахуствазири Лаҳистон, мегӯяд, чанд соат пеш иттилоъе дастрас кард, ки бар пояи он таҳдиди дахолати мустақими низомии Русия ба умури Украина назар ба рӯзҳои пеш боло рафтааст. Изҳороти ӯ рӯзи 6 август дар Варшава дар ҳоле пахш шуд, ки дар бораи дар марзҳоии шарқии Украина мустақар шудани нерӯҳои иловагии Русия хабарҳо мерасанд.

Ду рӯз пеш Маскав эълом дошт, ки дар манотиқи марказӣ ва ғарбии Русия, аз ҷумла, вилоятҳои ҳаммарз бо Украина, тамринҳои низомӣ доир мекунад. Дар ин машқҳои низомӣ беш аз сад ҳавопаймо ва чархболи низомӣ ширкат доранд.

Ҷон Ҷинг, раиси Оҷонси СММ дар умури башарӣ, шоми сешанбе дар нишасти фаврии Шӯрои амнияти СММ, изҳор намуд, ки вазъи башарӣ дар шарқи Украина торафт бадтар мешавад ва мардуми минтақа ба мушкили дастрасӣ ба оби пок, нерӯи барқ ва хадаомти тиббӣ мувоҷеҳ аст. Ӯ афзуд, ки агар ба зудӣ ҳалли сиёсии бӯҳрон дар шарқи Украина пайдо нашавад, теъдоди қурбониён ба карат афзоиш хоҳад ёфт. То имрӯз ба иттилои СММ, бар асари даргириҳо дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанск 1367 нафар кушта шуданд, ки миёни онҳо сокинони осоишта ҳам кам нестанд.

Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ, вазъи башарии шарқи Украинаро “фалокатбор” номид ва пешниҳод кард, ки ба Донетск ва Луҳанск зери сарпарастии Салиби Сурх кӯмаки башарӣ фиристода шавад.

XS
SM
MD
LG