Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон номи генерали дар Қарға кушташударо ошкор кард


Генерал Ҳаролд Грин
Генерал Ҳаролд Грин

Вазорати дифои ИМА рӯзи чаҳоршанбе, 6 август, ному насаби генерали дар ҳамла ба пойгоҳи Қарғаи Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон кушташударо ошкор карданд. Генерали амрикоӣ Ҳаролд Грин 55 сол дошт ва воломақомтарин низомиест, ки баъд аз шурӯи амалиёти зиддитеррор дар соли 2001 кушта шудааст. Намояндаи Пентагон хабар дод, ки сарбози афғон ҳам баъд аз оташ кушоданаш ҳадафи тир қарор гирифтааст.

Ин ҳодиса рӯзи сешанбе ҳангоми боздиди афсарони воломақоми НАТО аз пойгоҳи Қарға, воқеъ дар ғарби шаҳри Кобул, сурат гирифт. Тақрибан 15 низомии эътилоф, аз ҷумла, як генерал олмонӣ, ҷароҳат бардоштанд.

Намояндаи ҳукумати Кобул эълом дошт, ки дар ин ҳамла се афсари нерӯҳои ҳукуматӣ ҳам захмӣ шудаанд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ин ҳамларо маҳкум кард ва онро амали душманоне номид, ки “намехоҳанд, Афғонистон соҳиби ниҳодҳои қавӣ гардад."

Сухангӯи ҷунбиши Толибон Забеҳулло Муҷоҳид дар як баёния аз сарбози афғоне, ки ин ҳамларо анҷом додааст, ситоиш кард. Аммо ӯ нагуфт, ки Толибон масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш мегиранд ё на.

XS
SM
MD
LG