Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Украина 285 ҳазор нафар фирор кардаанд


Муассисаи Созмони Милал дар умури паноҳандагон гуфт, бинобар ҷангҳо дар шарқи Украина 285 ҳазор нафар аз ин кишвар ба Русия фирор кардаанд. Дар ин бора Винсент Кошетел, раиси Кумисариёи Олии Созмони Милал дар Умури Паноҳандагон рӯзи 5-уми август дар шаҳри Женева хабар дод. Аз ин миён ба гуфтаи Винсент Кошетел, 168 ҳазор нафари онҳо барои сабти ном ба Хадамоти муҳоҷирати Русия муроҷиат кардаанд. Намояндаи Созмони Милал афзуд, дар натиҷаи ҷангҳо 117 ҳазор нафари дигар дар дохили Украина беҷо шудаанд ва теъдоди онҳо рӯзона 1200 нафар зиёд мешавад. Ва дигар инки ҳукумати Украина гуфт, рӯзи 5-уми август нерӯҳои давлатӣ як посгоҳи ҷудоихоҳони тарафдори Русияро дар наздикии шаҳри Донетск ишғол кардаанд.

XS
SM
MD
LG