Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил нерӯҳояшро аз Навори Ғазза берун кард


Артиши Исроил гуфт, рӯзи 5-уми август баъди шурӯъи оташбас дар соати 8 маҳаллӣ тамоми нерӯҳои заминиашро аз Навори Ғазза берун кардааст. Питер Лернер, як афсари артиши Исроил гуфт, Исроил барои он нерӯҳояшро берун кашид, ки 32 нақби тундравони фаластиниро, ки дар марз барои ҳамла ба Исроил сохта буданд, вайрон кард. Оташбаси серӯза миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи 4-уми август бо миёнҷигарии Миср ҳосил шуд ва тарафҳо умедворанд, ки ин оташбас ба сулҳи пойдор байни ду тараф бирасонад. Ҷанг миёни нерӯҳои Исроил ва тундравони фаластинӣ як моҳ боз аст, ки идома дошт. Исроил гуфт, ки як ҳайаташро барои гуфтугӯ дар бораи оташбаси доимӣ ба Миср мефиристад. Дар натиҷаи ҷанги Исроилу тундравони созмони Ҳамос дар Навори Ғазза 1850 фаластинӣ ва аксаран ғайринизомиён кушта шуданд. Аз тарафи Исроил 64 сарбоз ва 4 шаҳрванди осоишта ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG