Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Перетурин: "Русия аз баргузории Ҷоми ҷаҳон-2018 даст бардорад"


Владимир Перетурин, шореҳи маъруфи варзиши рус, даъват кард, ки Русия аз баргузории Ҷоми ҷҳон оид ба футбол дар соли 2018 даст бардорад. Шореҳи варзиши телевизион дар мусоҳиба бо нашрияи “Спорт уик-енд”, ки рӯзи 4 август нашр шуд, гуфтааст, “бояд фавран аз баргузории Ҷоми ҷаҳон даст кашем, зеро он барои мо гарон меафтад - барои бунёди пойгоҳҳо, варзишгоҳҳо ва марказҳои телевизионӣ миллиардҳо доллар зарур аст, дар ҳоле, ки мо зиндагии қашшоқона дорем”. Ба гуфтаи Владимир Пететурин ӯ, бунёди як майдони футбол дар Санкт-Петербург ҳашт сол боз идома дорад ва кай хотима ёфтани сохтмони он маълум нест. “Ҷоми Ҷаҳон ин Олимпиадаи зимистона нест”, хулос кардааст ӯ.

Аз ин пеш сенаторҳои амрикоӣ Марк Кирк ва Дэн Коатс аз ФИФА, Федератсиони байнулмилалии футбол, хостанд, ки узвияти Русия дар ин ниҳодро қатъ кунад ва Маскавро аз имкони баргузории Ҷоми ҷаҳон-2018 маҳрум созад. Баъдан Ҷон Вант Схит, мураббии пешини дасти футболи Ҳуланд, Михаэл Фукс, узви Бундестаги Олмон ва Ник Клегг, муовини нахуствазири Бритониё ҳам даъват карданд, ки ФИФА тасмимаш барои доир кардани Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар Русияро лағв кунад. Ин даъватҳо дар эътироз ба дахолати Русия ба умури Украина ва даст доштанаш дар нооромиҳо дар шарқи давлати ҳамсоя ироа шуданд.

Аммо раҳбарияти ФИФА охирҳои моҳи июл эълом дошт, ки мавзӯи аз ҳаққи мизбонии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол маҳрум кардани Русия аслан матраҳ нест. Русия моҳи декабри соли 2010 дар як қуръапартоӣ дар шаҳри Сюрики Швейсария мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол джар соли 2018 эълон шуда буд.

XS
SM
MD
LG