Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина вуруди ҳунармандҳои рус ба кишварро манъ мекунад


Украина вуруди тақрибан 500 ҳунарманду овозхони Русия ба кишварро манъ хоҳад кард. Антон Герашенко, мушовири вазири умури дохилии Украина, рӯзи душанбе, 4 август, дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ба “рӯйхати сиёҳ” он ходимону фарҳангу ҳунар шомил хоҳанд буд, ки аз замима шудани нимҷазираи Қрим ба Русия пуштибонӣ кардаанд. Ба гуфти ӯ, ба ин афрод набояд имкон дод, ки аз ҳисоби консерту ҳунарнамоиҳо дар Украина маблағе ба даст оваранд.

Ҷонибдорони “Правий сектор” рӯзи якшанбе хостанд, ки ба консерти овозхони шинохта Ани Орак дар шаҳри Одесса халал ворид кунанд. Талоши вуруди халал ба консерт ба бархӯрд бо кормандони милиса печид ва дар натиҷа ҳадди аққал як корманди ҳифзи тартибот осеб дид.

Аз ин пеш вуруди се овозхон Иосиф Кобзон, Валерия ва Олег Газманов ба қаламрави Латвия мамнӯъ шуда буд. Вазири умури хориҷаи Латвия Эдгар Ринкевич рӯзи 21 июл гуфт, ин ходимони фарҳанги Русия барои он вориди "рӯйхати сиёҳ" шуданд, ки аз “тасарруфи нимҷазираи Қримро аз тарафи Русия шадидан пуштибонӣ намуданд” ва дар бораи фаъолиятҳои ҳукумати Украина “беэҳтиромона” сӯҳбат мекарданд.

XS
SM
MD
LG