Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин зилзилаи маргбор рух дод


Рӯзи якшанбе дар ҷануби ғарби Чин зилзила рух дод. Шиддати зилзила 6,3 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст. Тавре ки хабаргузории Ройтерз гузориш додааст, тақрибан 175 нафар кушта, ҳудуди 1400 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бештар аз 180 нафари дигар бедарак мебошанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти ҷуғрофиёии Амрико, ин зилзила дар вилояти Юннан дар умқи 10 километр дар зери замин рух додааст. Шиддати зилзила ҳамчунин дар вилоятҳои Гуйчҷоу ва Сичуан низ эҳсос шудааст.

Бино ба хабарҳо, хатҳои интиқоли барқ ва хатҳои мухобиротӣ осеб дидаанд. Бештар аз 12 ҳазор хона вайрон ва 30 ҳазор хона осеб дидааст. Мақомоти Чин ба маҳали офат гурӯҳҳои кӯмак ва хаймаву соири лавозимоти зарурӣ фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG