Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозшумории оро дар Афғонистон аз сар гирифта шуд


Бозшумории баргаҳои рай дар Кобул аз сар гирифта шудааст. Вале Абдуллоҳ Абдуллоҳ номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз ширкат дар ин раванди бозшуморӣ даст кашидааст.

Нурмуҳаммад Нур-сухангӯи Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон гуфт, ки 3 август бо ширкати нозирони дохиливу байналмиллалӣ бозшуморӣ аз сар гирифта шудааст.

Нур аз гурӯҳи Абдуллоҳ Абдуллоҳ хостааст, ки дар бозшумории орои даври дуввуми интихобот ширкат кунанд. Вай гуфтааст, гурӯҳи онҳо дигар сабабе барои ширкат накардан дар бозшумории оро надорад. Гурӯҳи Абдуллоҳ мегӯяд, то ҳол механизме вуҷуд надорад, ки орои тақаллубиро аз орои воқеӣ ҷудо кунад.

Бозшумории орои даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки 14 июн баргузор шуда буд, моҳи июл боздошта шуд, зеро байни гурӯҳҳои рақиб ихтилофоти техникӣ вуҷуд дошт.

Доктар Абдуллоҳ натиҷаҳои ибтидоии даври дуввумро, ки Ашраф Ғаниро ғолиби даври дуввум эълон карда буд, эътироф накард.

XS
SM
MD
LG