Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қочоқчӣ дар марз бо Афғонистон кушта шудааст


Бино ба хабари Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон, марзбонони ин кишвар як қочоқчии маводи мухаддирро дар марз бо Афғонистон ба қатл расондаанд. Вай талош кардааст аз қаламрави Афғонистон 5 килограм ҳашишро ба хоки Тоҷикистон интиқол диҳад.

Дар изҳороти Кумитаи Амният омадааст, ки ин мард аз рӯдхонаи Панҷ ба қаламрави Тоҷикистон гузаштааст ва вақте, ки марзбонон аз вай хостаанд, то худро таслим кунад, аз силоҳи Калашников оташ кушодааст.

Марзбонон дар оташи ҷавобӣ вайро нобуд кардаанд. Аз вай 5 кило ҳашиш ва силоҳи Калашников бо 18 тир мусодира шудааст. Ин ҳодиса дар минтақаи марзии Бадахшон рух додааст. Дар хабар гуфта намешавад, ки ин мард шаҳрванди Тоҷикистон буд ё Афғонистон.

XS
SM
MD
LG