Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ба фаро хондани нируҳояш аз Ғазза оғоз кард


Исроил 3 август ба фаро хондани нируҳои пиёданизоми худ аз Навори Ғазза оғоз кард. Вале ҳамлаҳои ҳавоӣ ҳамчунон идома дошт ва дар ин ҳамлаҳо дастикам 9 фаластинӣ кушта шуданд. Сухангӯи низомиёни Исроил гуфт, ки то субҳи 3 август аксари нируҳо ба хоки Исроил баргаштаанд.

Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири ин кишвар 2 август гуфт, ки воҳидҳои низомӣ баъд аз хатми амалиёти аз байн бурдани нақбҳои низомии Ҳамос дар минтақаи марзӣ амалёти бозбинӣ анҷом медиҳанд.

Ҳамзамон 3 август як ҳайати Ҳамос вориди Қоҳира-пойтахти Миср шуд, то дар музокироти ғайримустақими оташбас бо Исроил ширкат ҷӯяд. Ин музокирот тавассути мақомоти расмии Миср ва Амрико сурат мегирад.

Аммо Исроил гуфт, ки намояндагони худро ба ин музокироти ғайримустақим намефиристад, он гуна ки пештар дар назар гирифта шуда буд. Исроил исломиёни Фаластинро муттаҳам мекунад, ки ба миёнравҳои байналмиллалӣ маълумоти дурӯғ пешкаш мекунад.

XS
SM
MD
LG