Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои миёни нируҳои озариву арманӣ дар Қарабоғ


Вазорати дифои Озарбойҷон мегӯяд, ки субҳи 2 август дар минтақаи ҷудоихоҳи Қарбоғи Кӯҳистонӣ 4 нафар низомиёнаш кушта шудаанд. Ба гуфтаи вазорат, ин чаҳор нафар дар даргирӣ бо як “гурӯҳи харобкори арманӣ” дар ҷараёни амалиёте дар маҳале бо номи Агдам-Тетер кушта шудаанд. Дар эъломия гуфта мешавад, ки нируҳои ҷониби Озарбойҷон ин ҳамларо баргардонидаанд.

Рӯҳои охир дар марзҳои Қарабоғ зуд-зуд нируҳои Озарбойҷону Арманистон байни худ табодули оташ мекунанд. Вазорати дифои Озарбойҷон мегӯяд, ки 1 август нируҳои Арманистон ба мавозеи нируҳои Озарбойҷон ҳамла бурдаанд ва дар давоми се рӯзи охир 8 нафар низомиёни озариро ба қатл расондаанд.

Мақомоти Арманистон ба радиои Озодӣ гуфтаанд, ки талафоти ҷониби озарӣ хеле бештар аст. 31 июл мақомоти Қарабоғи Кӯҳистонӣ гуфтанд, ки нируҳои Озарбойҷон 2 низомии онҳоро дар ҳамлае куштаанд.

XS
SM
MD
LG