Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил Рафаҳро дар ҷустуҷӯи сарбозаш ба оташ мекашад


Низомиёни Исроил
Низомиёни Исроил

Нируҳои Исроил ҷануби шаҳраки Рафаҳро дар ҷануби Навори Ғазза 2 август бомбборон карданд ва ҷустуҷӯи сарбози худро, ки ба бовари онҳо гурӯҳи Ҳамос дар як ҳамла боздошт кардааст, дар ин шаҳрак идома доданд. Ин сарбозро нируҳои Ҳамос дар ҷараёни оташбаси 72 соата боздошт кардаанд.

Низомиёни Исроил мегӯянд, 1 август, вақте ки оташбас бо дархости маҳофили байналмиллалӣ эътибор пайдо кард, дар ҳамин вақт ин сарбозро боздошт кардаанд. Вале 2 август Ҳамос иддао кард, ки лейтинанти хурд Ҳадар Голдинро боздошт намудааст.

Гуфта мешавад, ки иртибот бо тундравҳо дар минтақае, ки Голден бедарак шуд, қатъ гардидааст. Аммо Ҳамос мегӯяд, ки мумкин аст тундравҳо як ҷо бо Голдин кушта шуда бошанд.

Барак Обама ва Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ раҳоии фаврии Голдинро тақозо кардаанд.

Аз оғози даргириҳо миёни гурӯҳи Ҳамос ва нируҳои Исроил 1500 фаластинӣ ва 61 сарбози исроилӣ кушта шудаанд. Аз ҷониби Исроил 3 ғайринизомии дигар низ ба қатл расидаанд.

XS
SM
MD
LG