Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Путин манофеи Русияро сарфи назар мекунад


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, кишвараш ҳар кореро, ки метавонист кард, то Русия сиёсати худро нисбат ба Украина тағир диҳад. Ҳукумати Украина дар шарқи ин кишвар бар зидди ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия мубориза мебарад. Обама зимни суханони худ дар Кохи Сафед изҳор дошт, ки таҳримҳо Русияро водор хоҳад сохт, то даст ба масорифи ҳангуфт бизанад ва ин кор бояд Путинро моил созад, ки дар робита бо бӯҳрони Украина муносибатро тағир диҳад.

Ба ақидаи Обама, раиси ҷумҳури Русия ба муқобили манофеъи кишвари худ кор мекунад. Дар ин бора раиси ҷумҳури Амрико зимни суханронии худ чунин гуфт: “Гоҳо одамон ноогоҳона рафтор мекунанд”.

Пештар Кохи Кремл хабар кард, ки дар ҷараёни як гуфтугӯи телефонӣ Путин ба Обама изҳор доштааст, ки таҳримҳои Ғарб “натиҷаҳои баръакс” хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол, Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико дар сӯҳбати телефонӣ ба Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина гуфтааст, ки Амрико барои таъмини амнияти марзҳои Украина ба ин кишвар 8 миллион доллар кӯмаки нав хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG