Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мақоми вазорати тандурустӣ бо пора дастгир шуд


Муовини директори Маркази ҷумҳурияи клиникӣ ба иттиҳоми қаллобӣ ва истифода аз мақоми давлатӣ боздошт шудааст. Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ки Қиёмиддин Хоҷаев, муовини директории Маркази ҷумҳурияи клиникӣ бо истифода аз мақомаш ба тасарруфи молу мулки ғайр ба миқдори зиёд даст задааст. Ба гуфтаи оҷонсӣ, аз ҷумла оқои Хоҷаев дар моҳи июни соли гузашта ба боварии шаҳрванд Қамбарова даромада барои барқарор кардани писараш ба Коллеҷи тибби шаҳри Кӯлоб ва сипас интиқол додани ӯ ба Коллеҷи тибби шаҳри Душанбе 500 доллар талаб карда, кори ин шахсро иҷро накарда, ин маблағро барои эҳтиёҷоти худ сарф намудааст. Ба гуфтаи манбаъ, Хоҷаев ҳамчунин дар таърихи 25 июли соли ҷорӣ бори дигар ба боварии Қамбарова даромада, аз ӯ барои барқарор кардани писараш ба Коллеҷи тиббии Душанбе 1500 доллар талаб кардааст. Дар таърихи 31 июли соли 2014 Қамбарова бо ариза бо Оҷонсии зидди фасод муроҷиат кардааст ва худи ҳамон рӯз ҳангоми гузаронидани амалиёт аз сӯи маъмурони ин ниҳод Хоҷаев пас аз гирифтани маблағи 1500 доллар аз Қамбарова дар назди беморхонаи Қарияи болои шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG