Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҳукми ҳабси Келдибековро ба ҳабси хонагӣ иваз кард


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 1 август ҳукми ҳабси раиси пешини парлумони Қирғизистон Аҳмадбек Келдибековро ба ҳабси хонагӣ иваз кард. Ҳамчунин додгоҳ ба ин вакили парлумон аз ҳизби "Ота-Журт" иҷоза дод, ки барои табобат ба хориҷа равад.

Аз ин пеш чанд мурофиаи додгоҳӣ бар асари маризии Келдибеков мавқуф гузошта шуда буд. Татяна Чилникина, вакили дифои Келдибеков барои он пойфишорӣ дошт, ки ба зерҳимояташ барои табобат дар Олмон иҷоза дода шавад.

Моҳи ноябри соли гузашта додгоҳ дар мавриди ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ интиқол додани Аҳмадбек Келдибеков тасмим гирифт. Айни ҳол вакили парлумон, ки чаҳор бор ҷарроҳӣ шудааст, таҳти назорати табибон қарор дорад.

Додситонии кулли Қирғизистон рӯзи 24 июн тафтиши парвандаи Келдибековро анҷом дод ва ӯро дар фасод, ҳамдастӣ дар ҷиноят, сӯиистифода аз мақом замони ишғоли мансабҳои раиси Бунёди иҷтимоӣ, раиси Кумитаи давлатии андози назди ҳукумати Қирғизистон ва раиси Жогорку Кенеш гумонбар донист.

Ҳабси Аҳмадбек Келдибеков боиси эътирозҳои густурдаи ҷонибдорони ҳизби "Ота-Журт" шуда буд.

XS
SM
MD
LG