Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ва ҲАМОС шартҳои хатми низоъро баррасӣ мекунанд


Исроил ва гурӯҳи ҲАМОС ба оташбаси 72-соата шурӯъ аз рӯзи ҷумъа розӣ шуданд. Ба иттилои манбаъҳои амрикоӣ ва СММ, аз ин гом бо ҳадафҳои башарӣ ва бидуни шартҳои пешакӣ кор гирифта шудааст. Дар изҳороти муштараки Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ва вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ гуфта шудааст, ки оташбас барои ироаи кӯмаки башариву тиббӣ ва маводи озуқа ба мардуми навори Ғазза ва таъмири муассисаҳои калидӣ дар ин минтақа истифода хоҳад шуд.

Қарор аст, ки намояндагони Исроил ва ҲАМОС, рӯзи ҷумъа оҷилан дар шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср, ба музокирот шурӯъ кунанд. Ҳадафи гуфтушунид – таҳияи шартҳои қатъи низоъ дар навори Ғазза эълон шудааст.

Навӣ Пиллай, масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал, рӯзи 31-уми июл зимни суханронӣ дар шаҳри Женева гуфт, ки дар ҳамлаи Исроил ба урдӯгоҳи паноҳандагони фаластинӣ дар Ҷабалия 16 нафар кушта шуданд. Ба иттилои ӯ, дар ҷанги 24 рӯзаи Ғазза 1364 фаластинӣ кушта шудаанд. Исроил 56 сарбоз ва се ғайринизомиро талаф додааст.

XS
SM
MD
LG