Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни украинӣ дар Шахтерск ба муҳосира уфтоданд


Дар шаҳри Шахтерск, воқеъ дар шарқи Украина, корвони мошинҳои нерӯҳои зудамал ба муҳосираи ҷудоихоҳон уфтод. Дар ин бора рӯзи ҷумъа дафтари матбуоти амалиёти зиддитеррор дар минтақа хабар дод. Иттилоъ дар бораи талафоти нерӯҳои украинӣ ҳанӯз дақиқ нашудааст.

Аз ин пеш хабар расид, ки дар Шахтерск бар асари тирборони ҷудоихоҳон беш аз 20 Афсару сарбози украинӣ кушта шуданд. Шабакаи телевизионии украинии “Громадске ТВ” хабар дод, ки маҷрӯҳонро тавассути чархболҳо ба шаҳри Днепропетровск интиқол медиҳанд.

Шаби ҷумъа мавқеъҳои низомиёни украинӣ дар канори рустои Макарово дар вилояти Луҳанск низ тирборон шуданд. Дмитрий Тимчук, раҳбари Маркази таҳқиқоти низомиву сиёсӣ, дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки низомиёни украинии мустақар дар фурудгоҳи Луҳанск ва дар канори рустоҳои Березовое ва Мариновка ҳам мавриди тирборон аз минометҳо қарор гирифтанд. Тимчук гуфтааст, ки сӯи нерӯҳои украинӣ аз қаламрави Русия оташ кушодаанд. Дар бораи кушташудагону маҷрӯҳон дар ин ҳамлаҳо алҳол иттилое зери даст нест.

XS
SM
MD
LG