Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нави Пиллай Исроилро танқид кард, ки ...


Нави Пиллай, масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал, давлати Исроилро барои “беэътиноии огоҳона” ба қонунҳои байналмилалӣ дар ҷанги Ғазза танқид кард. Ӯ рӯзи 31-уми июл зимни суханронӣ дар шаҳри Женева ҳамлаҳои Исроил ба мактабу хонаву бемористон ва сарпаноҳҳои Созмони Милал дар Ғаззаро мисол овард, ки дар онҳо 250 ҳазор нафар ҷой гирифтаанд. Нави Пиллай як рӯз баъд аз он сухан гуфт, ки дар ҳамлаи Исроил ба урдӯгоҳи паноҳандагони фаластинӣ дар Ҷабалия 16 нафар кушта шуданд. Исроил мегӯяд, ки Ҳамос сарпаноҳҳои Созмони Милалро барои анбор кардани аслиҳа ва мушакандозӣ истифода мебарад. Нави Пиллай афзуд, ки дар ҷанги 24 рӯзаи Ғазза 1364 фаластинӣ кушта шудаанд. Аз тарафи Исроил 56 сарбоз ва се ғайринизомӣ талаф ҷон додаанд. Исроил ҳадаф мегӯяд, ҳада аз амалиёташ хотима додан ба мушакандозиҳои тундравони Ҳамос ба қаламрави Исроил аст.

XS
SM
MD
LG