Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирон ба маҳалли фалокати ҳавопаймо расиданд


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, нозирони ин созмон ҳамроҳ бо мутахассисони ҳолландӣ ва Австралия ба маҳалли суқути ҳавопаймои Малайзия расидаанд. Ин созмон рӯзи 31-уми июл дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт, ки “нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамроҳ бо коршиносони австралиягӣ ва ҳолландӣ бори нахуст дар як ҳафтаи ахир аз як роҳи наве тавонистанд ба маҳалли суқути ҳавопаймои ширкати ҳавоии Малайзия бирасанд.” Ба далели ҷангҳои шадид миёни нерӯҳои давлатии Украина ва ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар наздикии маҳалли фалокат, нозирони байналмилалӣ наметавонистанд барои таҳқиқ ба онҷо бираванд. Пештар аз ин артиши Украина гуфт, ки барои имкон додан ба таҳқиқи сабабҳои фалокат амалиёт алайҳи ҷудоихоҳонро барои як рӯз бозмедорад. Рӯзи 17-уми июл ҳавопаймои Малайзия бо 298 мусофираш дар шарқи Украина суқут кард ва гуфта мешавад, ки онро ҷудоихоҳони тарафдори Русия сарнагун кардаанд. Ҷулия Бишоп, вазири умури хориҷии Австралия рӯзи 31-уми июл гуфт, мумкин аст, то 80 ҷасади мусофирони ҳавопаймо дар маҳалли фалокат монда бошанд.

XS
SM
MD
LG