Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина ҷанг бо ҷудоихоҳонро боздошт


Давлати Украина эълон кард, ки барои таҳқиқи сабабҳои суқути ҳавопаймои Малайзия амалиёташ алайҳи ҷудоихоҳони тарафдори Русияро барои як рӯз бозмедорад. Як сухангӯи артиши Украина гуфт, қарори мазкурро бо дархости Бан Ки Мун дабири кулли Созмони Милал қабул кардаанд, ки хостааст, барои роҳ ёфтани гурӯҳи мутахассисони байналмилалӣ ба маҳалли ҳодиса ҷангро бас кунанд. Рӯзи 17-уми июл як ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Малайзия бо 298 мусофираш дар шарқи Украина суқут кард ва гуфта мешавад, ки онро ҷудоихоҳони тарафдори Русия сарнагун кардаанд. Гурӯҳи мутахассисони Ҳолланд ва Австралия чаҳор дафъа хостанд, ки аз шаҳри Донетск ба маҳалли суқути ҳавопаймои Малайзия бираванд, аммо ба сабаби ҷанг миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷудоихоҳони тарафдори Русия аз нимароҳ баргаштанд. Пештар аз ин Ҷулия Бишоп, вазири умури хориҷии Австралия гуфт, мумкин аст, то 80 ҷасади мусофирони ҳавопаймо дар маҳалли фалокат монда бошанд.

XS
SM
MD
LG