Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори посбони ширкати “Азия Тобако Трейдинг”


Вазорати корҳои дохилӣ як ҳодисаи куштори посбони ширкати “Азия Тобако Трейдинг”-ро ба зудтарин фурсат ошкор карда гурӯҳи ҳамлавар ба посбонро дастгир кардааст. Маҳбуба Гулова масъули сомонаи ВКД имруз 31 июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки гуруҳи панҷнафарае соати 6-и субҳи чоршанбе бо қасди ғорат ба ширкати “Азия Тобако Трейдинг” омада, посбони он Исмоилов Раҳим сокини маҳалали Хуҷамбиёро бо зарби калтак ба ҳалокат расониданд.

Ҷасади посбони 58-сола Раҳим Исмоилов бо нишонаҳои зарбу лат дар аз тарафи кормандони гурурҳи зудамали Вазорати корҳои дохилӣ дар посбонхонаи ширкати “Азия Тобако Трейдинг”, воқеъ дар кӯчаи Мухторови ноҳияи Исмоили Сомонӣ ёфт шудаст. Тавре Вазорати корҳои диохилӣ хабар медиҳад барои ошкор кардани ин ҳодиса гурурҳи хзудамал таъсиси дода мешавад,ки дар паи «изи гарм»-и куштор кормандони милиса ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур панҷ нафар сокини ноҳияи Рудакиро дастгир карданд. Онҳо ҳангоми пурсиш иқрор шудаанд,ки ҳадафашон ғорати ширкати “Азия Тобако Трейдинг” будааст. Вақте ки онҳо ба дарвозаи ин ширкат наздик мешаванд, посбон мухолифат нишон медиҳад ва гурӯҳи панҷнафара ҳамла намуда, ӯро ба қатл мерасонанд. Феълан нисбати афроди боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишоти пешакӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG